Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Зацепилов-раиси Маркази радиоии «Коммерсант FM»-и Русия гуфтааст, президент Дмитрий Медведев ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон пешниҳод мекунад, ки ихтиёран аз мақоми худ канор равад. Ба гуфтаи Зацепилов, дар ин мулоқот, ки дар остонаи ҷаласаи солгарди Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор шуд, ба тавофуқ расондани системаи нави амниятӣ дар Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳ будааст. Медведев баъд аз мулоқот бо ишора ба равобити кишварҳои минтақа ба рӯзноманигорон дар Тошканд гуфт:

“Ин муносибот метавонанд коимлан ҷанбаи мусбат дошта бошанд ё баръакс метавонанд ҷанбаҳои мушкил ва ҳатто гоҳо ҷанбаҳои харобиовар дошта бошанд. Ба ҳамин сабаб мо бояд ҳар чиро, ки дар кишварҳои ҳамсояи наздики мо мегузарад, баррасӣ кунем, барои он ки ба манофеи миллии кишварҳои мо ва мардуми мо замонат дода шавад”.

Аз сӯи дигар, Алексей Власов-раиси Маркази мутолеоти пасошӯравӣ гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд раҳбарони Узбакистон аз рӯйдодҳои ахир дар ҷаҳони араб ва аз имкони фаъол шудани созмонҳои тундгарои исломӣ дар қаламрави Узбакистон ҳарос доранд.
XS
SM
MD
LG