Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Бӯрӣ Каримов


Бӯри Каримов- роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ. Муҳандиси роҳ ва бинокорӣ. Иқтисодшинос. Донишгоҳи техникӣ ва давлатии миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои техникӣ. Профессор. Акдемики Академияи нақлиёти Русия ва Академияи байналмилалии улуми иҷтимоӣ. Узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва нависандагони Тоҷикистон ва Русия аст.

Соли 1987дар синни 29 солагӣ вазири сохтмон ва нақлиёт ва баъди ду сол раиси Госплан-Идораи барномарезӣ ва муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин мешавад. Дар феврали соли 1990 баъди ҳаводиси баҳманмоҳ дар шаҳри Душанбе, аз вазоифи давлатӣ канор меравад. Аз он сол ба ин сӯ дар Маскав ба сар мебарад. Аз тарафи раиси ҷумҳурии Русия бо «Ордени дӯстӣ» сарфароз мешавад. Соҳиби 7 фарзанд аст.
XS
SM
MD
LG