Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев хостори баррасии вазъ дар кишварҳои ҳамсоя шуд


Дмитрий Медведев-раиси ҷумури Русия дар мулоқоти худ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар Тошканд изҳор дошт, ки ҳамкориҳои ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф бояд густариш ёбад. Бино ба хабарҳо, дар ин мулоқот вазъ дар минтақа низ баррасӣ шудааст. Медведев бо ишора ба равобити кишварҳои минтақа баъд аз мулоқот ба рӯзноманигорон гуфт:

“Ин муносибот метавонанд коимлан ҷанбаи мусбат дошта бошанд ё баръакс метавонанд ҷанбаҳои мушкил ва ҳатто гоҳо ҷанбаҳои харобиовар дошта бошанд. Ба ҳамин сабаб мо бояд ҳар чиро, ки дар кишварҳои ҳамсояи наздики мо мегузарад, баррасӣ кунем, барои он ки ба манофеи миллии кишварҳои мо ва мардуми мо замонат дода шавад”.

Дар ин мулоқот руасои ҷамоҳири Русия ва Узбакистон рӯйдодҳои ахир дар ҷаҳони арабро низ баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG