Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Беларус $1 миллиард доллар қарз дод


Чин ба Беларус, ки ҳоло ба камбуди пули нақд дучор шудааст, бештар аз як миллиард доллар қарз додааст. Анатолий Тозик-муовини нахуствазири ин кишвар гуфт, тақрибан 654 миллион доллари ин қарз барои сохтмони корхонаи коркарди чӯб дар шаҳри Светлаҳорск ба масраф хоҳад расид. Ба гуфтаи Тозик, қарзи Чин ҳамчунин барои роҳҳои оҳан дар ғарби Беларус истифода хоҳад шуд. Пули Беларус арзиши худро аз даст додааст ва коҳиши арзиши он ба 36 дарсад расидааст.
XS
SM
MD
LG