Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкории Шонгҳой даҳсола шуд


Имрӯз дар Остона-пойтахти Қазоқистон ҷаласаи 10-ӯмин солгарди ташкили Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа ширкат мекунад. Дафтари матбуотии раёсати ҷамҳурӣ хабар додааст, ки вазири корҳои хориҷӣ, вазири молия, вазири иқтисоду тиҷорат ва соири шахсиятҳои расмӣ раиси ҷумҳурро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд. Баъд аз ин ҷаласа раёсати давраии ин созмон аз Қазоқистон ба Чин мегузарад. Созмони мазкурро соли 2001 дар ҳамоише 5 кишвар Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис доданд.
XS
SM
MD
LG