Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афроди мусаллаҳ дар Ироқ ба бинои вилоятӣ ҳамла бурданд


Имрӯз шӯришиён дар Ироқ ба бинои идораи вилоятии Диёла ҳамла бурданд ва дастикам 6 нафарро ба қатл расонда, 17 нафари дигарро захмӣ карданд. Ин ҳамла дар шаҳри Бақуба дар маркази ин вилоят дар 60 километрии Бағдод рух дод. Мақомоти расмӣ мегӯянд, як бамгузори интиҳорӣ худро мунфаҷир сохтааст ва як мошини бамгузоришуда низ мунфаҷир шудааст, сипас афроди мусаллаҳ вориди бино шудаанд. Дар бораи гаравгонгирӣ хабар дода намешавад, вале дар дохили бино садоҳои тирандозии шадид ба гӯш расидааст. Дафтари полиси шаҳрӣ низ дар дохили ҳамин бино ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG