Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амаки Фарзона аз он дар шигифт аст, ки дар китобхонаҳои шаҳр китоберо пайдо намекунад, то дар он бо забони содаву фаҳмо дар бораи масоили ахлоқии дин барои кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод шуда бошад. Ӯ акнун донист, ки бо забони кӯдак ҳарф задан душвор будааст. Аққалан натавонист бениёз ва некхоҳ будани Худовандро ба ҷиянаш фаҳмонад.

Ба назар мерасад, ки ин кӯдаки 5-сола ба Худо имони самимӣ дорад. Гумон кардед, ки падараш мулло буда ба духтари хурдсолаш дарси худошиносӣ меомӯзад? На, падараш ҳарчанд марди боимону худотарс аст, аммо дар мавзӯи дин хеле эҳтиёткор аст ва иқрор мекунад, ки азбаски намедонад, баҳс намекунад. Ғайр аз ин кам-кам шароб менӯшад.

Фарзонаи 5-сола бошад, дар бораи Худо суханҳое
мегӯяд, ки кас аз шуниданаш ба ҳайрат меояд. Аммо ин духтарак як нағмаи безеб дорад, ки гоҳо намози амакашро вайрон мекунад. Вақте амакаш ҳангоми намоз дар ташаҳҳуд менишинад Фарзона омада, ӯро сахт ба оғӯш кашида, бо муҳаббат мебӯсад ва механдонад. Амакаш ҳам мусичаи бегуноҳ нест. Ӯ бо вуҷуди он, ки намозхон аст, гоҳ-гоҳ бо падари Фарзона оби ҷав менӯшад. Худо гуноҳи амаки Фарзонаро бубахшад…

-- Дар намоз пичир-пичир карда чӣ мегӯед? -- суол мекунад аз амакаш Фарзона.
-- Мегӯям, ки Фарзона калон шавад, боҳаё, боимон ва бовиҷдон шавад…

Аз шунидани ин суханон Фарзона хушҳол мешавад. Воқеан амакаш дар намоз ба Фарзона имону ҳаё талаб намуда таманно мекунад, ки ин духтарак арзишҳои милливу мусалмониашро ҳамеша ҳифз кунад.
Фарзона духтари доно аст…
Ӯ рӯзе ба модараш гуфт:

-- Оча, ман ҳама чиро медонам.
Фарзона дар боғ

-- Чиро?-пурсид модараш.
-- Ҳама чиро…
Ҳисси кунҷкобии модараш фаро гирифту пурсид:
-- Ба фикри ту зиндагӣ чист?
Фарзона зиёд фикр накард, балки гуфт:
-- Зиндагӣ хуни дил хӯрдан, зери девори орзу мурдан!..

Аз шунидани ин посухи ғайриинтизор ҳама мутаҳайир шуданд. Охир аз кӯдаки 4 сола шунидани ин сухан воқеан аҷиб аст!

Фарзона духтари кунҷкоб аст…
Ӯ суолҳое медиҳад, ки амакаш дар навбати посух додан маҷбур мешавад, ки дурӯғ ҳам гӯяд. Аммо ба аксар саволҳои ин духтарак дурӯғ гуфтан имкон надорад. Масалан ӯ мепурсад:

-- Амак, барои чӣ Шумо ҳам оби ҷав менӯшеду ҳам намоз мехонед?
Агар Шумо ба ҷои амаки Фарзона мешудед чи посух медодед? Барои дӯруғ гуфтан бояд хилофи ҳукми шариат сухан мегуфтед…
-- Худо дар куҷост? Чаро дугонаам Сафина аз Худо наметарсад? Худо чӣ гуна аст? Ман барои Худо чӣ харам? -- Ин суолҳоест, ки Фарзона бо он амаки худотарсу пургуноҳашро ҳайрон мекунад.

Амаки Фарзона аз он дар шигифт аст, ки дар китобхонаҳои шаҳр китоберо пайдо намекунад, то дар он бо забони содаву фаҳмо дар бораи масоили ахлоқии дин барои кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод шуда бошад. ӯ акнун донист, ки бо забони кӯдак ҳарф задан душвор будааст. Аққалан натавонист бениёз ва некхоҳ будани Худовандро ба ҷиянаш фаҳмонад.

-- Сабаби тундгарову хурофотпараст тарбия ёфтани баъзе фарзандони мо ҳамин аст,-- мегӯяд худ ба худ ӯ. Агар аз хурдсолӣ моҳияти динро ба фарзандонамон омӯзем, онҳо аз таассуби бебунёд канора меҷӯянд.

Ниҳоят Фарзона бо суолҳои аҷиб амакашро водор кард, ки ба навиштани китоби диниву ахлоқӣ барои хурдсолон даст занад. Ӯ бовар дорад, ки бо ин кори савоб тафаккури хурдсолонро аз ақидаҳои ноустувору тундгароёна ҳифз кардан мумкин аст. Фарзона бошад боз ҳам мепурсад:

-- Ман барои Худо гул чинам мумкин аст?

Ин кӯдак он қадр самимона тасмим гирифтааст, ки мехоҳӣ ҳамроҳаш ба гулчинӣ равӣ.
Худованд ба Фарзонаи ширин имони комил диҳад…

Соҳибёри Толиб
Бознашр аз блоги "Дафтари Соҳибёр"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG