Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти 54 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман


Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми июн аз Яман кӯчонида шудаанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи 13-уми июн аз Яман кӯчонида шудаанд.

Ҳавопаймоҳои Русия 54 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Яман ба Маскав интиқол доданд.

Бино бар иттилои сухангӯи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан дар ҳавопаймои севуми Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия аз Яман кӯчонида шуданд. Вай афзуд, ба сурати умум 175 шафрванди Русия ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз Яман бароварда шуданд. Аммо як теъдод аз шаҳрвандони ин кишварҳо ҳамоно дар Яман боқӣ мондаанд.

Аз он ҷо, ки даҳҳо пизишк ва парастори тиббии тоҷик ба тавассути 3 ширкати русии “Здравэкспорт”, “Техностройэкспорт” ва “Экспортстрой” барои кор ба Яман сафарбар шудаанд, сафорати Русия дар Яман онҳоро низ ба номгӯйи афроди мавриди кӯчонидан шомил намуда буд. Вале намояндаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, асосан аъзои хонаводаи пизишкон ва бархе аз хоҳишмандон бо ҳавопаймоҳои ин вазорат ба Русия интиқол дода шуданд.

Кӯчонидани шаҳрвандони Русия ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз Яман дар ҳоле

иттифоқ меафтад, ки қарор аст, раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз муолиҷа дар Арабистони саудӣ ба Яман баргардад. Вай дар ҳамлае рӯзи 3-юми июн захмӣ шуда, ба Саудия интиқол ёфт.
Авзоъ дар Яман ҳамоно пуршиддат боқӣ монда, норозиён бо талаби истеъфои Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронад, даст ба хушунат задаанд.

Вазорати дифоъи Яман мегӯяд, дар як даргирӣ дар ҷануби кишвар рӯзи шанбе дастикам 10 сарбоз ва 21 аъзои эҳтимолии шабакаи Ал-қоида кушта шуданд. Даргирӣ дар шаҳри Занҷибор дар вилояти Абйин ба вуқӯъ пайвастааст, ки нерӯҳои амниятӣ барои пас гирифтани бахши аъзами шаҳр аз ҷангҷӯён онро муҳосира кардаанд. Дар як ҳамлаи дигар дар ҳамин минтақа ба гуфтаи мақомоти Яман се террорист кушта шудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҳалқаи Ал-қоида дар Яман, бесуботӣ дар ин кишварро ба нафъи худ истифода мебарад. Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, ки дар ҳамлае ба қароргоҳаш маҷрӯҳ шуд, барои муолиҷа дар Арабистони Саудӣ қарор дорад.

Дар паи эътирозҳои чандинмоҳа, баъзе аз манотиқи Яман аз зери назорати Солеҳ берун шудаанд. Аз назари таҳлилгарон, аз хоки кишвар берун шудани президент метавонад давлатро ба вартаи бебандубории бештар бикашонад. Дар ҳамиин ҳол норозиён гуфтаанд, ба бозгашти Алӣ Абдулло Солеҳ иҷоза нахоҳанд дод.

Номгӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Яман бароварда шуданд.
XS
SM
MD
LG