Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври шашуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: «Пахтакор» - «Ситора» - 3:0, «Вахши зарнисор» - «Ҳулбук» - 2:2, «Рашт» - «Локомотив» - 0:1, «Ҷавонон» - «Вишгард» - 2:1, «Данғара» - «Ҳосилот» -0:1, “Саройкамар» - «Кӯктош» - 3:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои шаш даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 14 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ҳулбук”-и Восеъ бо 13 имтиёз дар ҷойи дуввум ва “Пахтакор”-и Қубодиён бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”) бо 5 гол пешсаф аст. Зоир Холматов (“Ҳулбук”) ва Ҳикмат Шарифов (“Кӯктош”) сеголӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 6 4 2 0 9-3 14
2. «Ҳулбук” (Восеъ) 6 4 1 1 15-6 13
3. «Пахтакор” (Қубодиён) 6 3 2 1 15-7 11
4. «Зарафшон» (Панҷакент)) 5 3 1 1 10-4 10
5. «Саройкамар» (Панҷ) 4 3 1 0 9-3 10
6. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 6 3 1 2 8-7 10
7. «Вахши зарнисор» (Вахш) 5 2 3 0 9-5 9
8. «Сабо» (Шаҳринав) 5 2 2 1 11-6 8
9. «Ситора» (Рӯдакӣ) 6 2 2 2 3-5 8
10 «Данғара» (Данғара) 5 2 1 2 4-4 7
11 “Локомотив” (Душанбе) 6 1 2 3 3-8 5
12 “Ҷавонон” (Турсунзода) 4 1 0 3 4-12 3
13 “Вишгард” (Файзобод) 6 1 0 5 5-17 3
14 “Румӣ” (Румӣ) 4 0 0 4 1-11 0
15 “Рашт” (Рашт) 6 0 0 6 1-12 0

Даври 7-ум

15-уми июн (чоршанбе)

“Ҳосилот” - “Саройкамар”
“Вишгард” - “Данғара
“Локомотив” - “Ҷавонон”
“Ҳулбук” - “Зарафшон”
“Ситора” - “Вахши зарнисор”
“Румӣ” - “Пахтакор”

Эзоҳ: Бозии ”Сабо” - “Рашт” ба мӯҳлати дертар гузоронида шудааст.

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG