Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ин кишварро боздошт кардааст.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Шарифҷон Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Душанбе аз сӯи раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ боздошт ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таслим шудааст.

Вай афзуд, Шарифҷон Ёқубов аз соли 2009 ба ин сӯ раҳбарии «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистонро ба зимма доштааст: «Муайян шуд, ки Ёқубов тариқи интернет ва почтаи электронӣ бо амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҷаҳон ва дигар гурӯҳҳои ҷиноии сатҳи байнулмилалӣ тамос доштааст. Аз ҷониби мавсуф пайваста варақаҳои тарғиботии «Ҳизб-ут-таҳрир» бо мазмунҳои зиддиконститутсионӣ эҷод гардида, дар ҳамдастӣ бо дигар аъзои ҳизб, ки шахсияташон муайян карда мешавад, дар шаҳри Душанбе паҳн карда мешуд.»

Шарифҷон Ёқубов дуввумин нафарест, ки тайи соли равон ба унвони амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон боздошт мешавад. Моҳи январ расонаҳо аз қавли додгоҳи шаҳри Душанбе навиштанд, ки Юсуфҷон Ҳафизов, низ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «амири Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон унвон ва ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Вале баъдтар дар хулосаи додгоҳ, ки дар расонаҳо нашр шуд, аз ӯ «амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар вилояти Суғд ёд мешавад. Аммо хешовандони Юсуфҷон Ҳафизов ӯро як узви қатории ин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ном бурданд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон дар истифодаи калимаи «амир» дар баробари раҳбарони «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон шояд ба иштибоҳ роҳ додаанд, зеро амири воқеии ин ҳизб як нафар аст ва дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ, ки аз соли 1999, аввалин боздоштҳои аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир», бо парвандаҳои аъзои ин ҳизб сарукор доштааст, мегӯяд, сохтори он тавре ташкил ёфтааст, ки аъзои қаториаш раҳбари ягонаи худ дар Тоҷикистонро намешиносанд: «Дар ин сохтор аввал дорис аст, яъне хонанда, як-ду моҳ мехонад, дуввум -- мушриф, ки меомӯзад, саввум -- нақиб, ки раҳбари як маҳал аст, чаҳорум -- мӯътамад, роҳбари минтақавӣ аст, ки мустақим ба роҳбари умумиҷаҳонии ҳизб -- амир итоат мекунад. Аз ҳамон рӯзи аввал, парвандаи аввалин ва то ҳозир онҳое, ки боздошт шуданд, он чӣ тафтишот муайян кардааст, амири онҳо умуман дар Тоҷикистон нест. Мегӯянд, ки дар хориҷи кишвар, дар Фаластин ё кишварҳои араб бошад.»

Хонум Воҳидова мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд раҳбаре, ки дар Тоҷикистон боздошт мешавад, бояд «мӯътамад» бошад, на «амир».

Бар асоси иттилои сомонаҳои марбут ба «Ҳизб-ут- таҳрир», амири ҳизб - Ато Абу ар-Рушта, зодаи шаҳри Байт-ул-Халили Каронаи Ғарбии рӯди Урдун буда, дар Бритониё ба сар мебарад.

Хешовандони Шарифҷон Ёқубов мегӯянд, аз раҳбарии ӯ дар «Ҳизб-ут-таҳрир» хабар надоранд. Дилбар Ёқубова, хоҳари вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аҳли оилаи онҳоро дар баробари бародараш боздошти фарзандонаш низ ба ташвиш овардааст.

Ба қавли ӯ, се духтари аз 4 то 16-солаи Шарифҷон Ёқубов низ дар Душанбе дастгир шудаанд: «Мо намефаҳмем, ки бачаҳои ӯ чӣ рабт доранд, чаро онҳо боздошт шудаанд. Вайҳоро ҳам боздошт кардаанд ва ҳоло хатту хабаре аз онҳо нест. Модарам Душанбе рафтанианд. Боз писарамро азоб надиҳанд гуфта, гиря карда шиштаанд.»

Хонум Ёқубова аз бародараш ба унвони инсони ҳалиму безарар ёдовар мешавад, ки бо ихтисоси омӯзгори забони русӣ Донишгоҳи Хуҷандро хатм кардааст ва як сол пеш бо аҳли оилааш ба Душанбе кӯчида, ин ҷо бо тиҷорат машғул будааст. Қаблан низ Шарифҷон Ёқубов бо ҷурми узвият дар «Ҳизб-ут-таҳрир» 10 соли зиндонро паси сар кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, тайи соли равон ҳудуди 20 нафар бо иттиҳоми узви «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон боздошт шуда, то 20 соли зиндон ҳукм гирифтаанд.

Файзинисо Воҳидова мегӯяд, соли гузашта то ба имрӯз давраи дуввуми афзоиши боздоштҳои аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Ба қавли ӯ, давраи аввал ба солҳои 1999-2000 рост меояд, ки ҳудуди 200 нафар боздошт ва зиндонӣ шуданд, аммо соли гузашта дар пайи боздошти шахсе бо номи Неъмати Самарқандӣ, шаҳрванди Узбакистон дар вилояти Суғд ҳудуди 80 узви дигари ҳизб фош ва дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои сомонаҳои марбут ба «Ҳизб-ут-таҳрир», ин ҳизб дар саросари дунё фаъолият дорад ва дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳизби мамнӯъ ва тундгаро эълом шудааст, ки ҳадафаш барпо кардани хилофат ва баҳам задани сохти конститутсионӣ мебошад.

Коршиносон мегӯянд, нобуд ё боздошт шудани раҳбарони минтақаӣ, ба монанди Шарифҷон Ёқубов, ба фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» таъсире дошта наметавонад, зеро аз қабл чор-панҷ нафари дигар барои «пур кардани ҷои холӣ» гумошта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG