Пайвандҳои дастрасӣ

Мишел Бакман номзадиашро пешбарӣ мекунад


Бакман мехоҳад бо Обама вориди рақобат шавад

Бакман мехоҳад бо Обама вориди рақобат шавад

Вакили Конгресси Амрико Мишел Бакман нахустин зане шуд, ки тамоми асноди лозим барои пешбарии номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Амрикоро пешниҳод кардааст. Хонум Бакман, вакили муҳофизакор аз аёлати Миннесота, рӯзи душанбе пешбарии номзадиашро дар нахустин мубоҳисаи бузурги довталабони ҷумҳурихоҳ дар аёлати шимолушарқии Ню-Ҳампшир эълон кард. Бакман, ки ба ҷунбиши хеле муҳофизакори Тӣ Партӣ(“Маҳфили чойнӯшӣ”) рабт дорад, тарафдоронашро бо интиқоди тунди раисиҷумҳур Барак Обама ҷалб кардааст. Обама низ эълон кардааст, ки соли оянда барои даври дуввуми чорсолаи раёсат аз ҳизби демократ ба интихобот хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG