Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои паймони мушорикат байни Қазоқистону Чин


Назарбоев ва Ҷинтао
Назарбоев ва Ҷинтао
Чину Қазоқистон дар ҷараёни музокироти раҳбарони ду кишвар Ҳу Ҷинтао ва Нурсултон Назарбоев дар Остона ба як паймони мушорикати стротежӣ имзо гузошта, ҷиҳати ду маротиба афзудани табодули молу коло дар 4 соли оянда тааҳҳуд супурданд. Ҷинтао гуфт, ҳадафи онҳо ба 40 миллиард доллар расондани мизони тиҷорати ду кишвар то соли 2015 аст. Назарбоев дурнамои равобит бо Чинро ба вижа дар соҳаи энержӣ бузург номид ва гуфт, Қазоқистон ба Чин маводи сӯхти ҳастаӣ низ хоҳад дод. Ҷинтао дар пайи Қазоқистон ба Русия ва Украина низ сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG