Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Бин Алӣ рӯзи 20 июн оғоз мешавад


Бин Алӣ

Бин Алӣ

Мурофиаи ғоибонаи раисиҷумҳури собиқи Тунис рӯзи 20 июн оғоз хоҳад ёфт. Зайналобуддин Бин Алӣ баъди 24 соли ҳукмронӣ дар моҳи январ дар натиҷаи эътирозҳо барканор шуд ва ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Сарвазири муваққати Тунис Боҷӣ Қоид Сабсӣ гуфт, Бин Алӣ ҳам дар додгоҳи низомӣ ва ҳам дар додгоҳи мулкӣ муҳокима хоҳад шуд. Мақомоти кунунии Тунис Бин Алиро ба ҷароиме, чун тавтиъа алайҳи давлат, қатлҳои худсарона ва ҳатто қочоқи маводи мухаддир айбдор мекунанд. Мақомоти Саудӣ аммо то ҳол ба дархости истирдоди ӯ посух надодаанд.
XS
SM
MD
LG