Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4,3 миллиард доллар ваъда барои воксинзанӣ


Билл Гейтс

Билл Гейтс

Анҷумани донорҳои Паймони ҷаҳонии ваксинзаниву масуниятсозӣ(GAVI) дар Лондон барои воксинзании миллионҳо кӯдак дар кишварҳои фақиртарини дунё ба ин созмон 4,3 миллиард доллар ваъдаи кумак кард. Ин созмон мегӯяд, кумаки ваъдашуда барои воксин задани 250 миллион кӯдак аз амрози кушандае, чун сурхак, илтиҳоби шуш ва табларза, кифоят мекунад ва тақрибан аз 4 миллион мавриди марги атфол пешгирӣ хоҳад кард. Беш аз нисфи кумакҳо ваъдаҳои давлати Бритониё ва Билл Гейтс, асосгузори ширкати “Microsoft” аст, ки барои GAVI мутаносибан 1,3 ва 1 миллиард доллар ваъдаи ёрӣ кардаанд. Созмони хайрияи “The Save The Children” мегӯяд, аз чор се ҳиссаи кӯдакони воксинногирифта дар 10 кишвар – Ҳинд, Нигерия, Покистон, Индонезия, Конго, Эфиопия, Чин, Уганда ва Чаду Кения – ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG