Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозоҳои Сандуқи байналмилалии пул аз Беларус


Михаил Мясникович

Михаил Мясникович

Сандуқи байналмилалии пул аз Беларус барои тавҷеҳи дархости кумаки чандмиллиарддоллариаш иттихози тадобири шадид, аз ҷумла қатъи афзоиши маошҳо ва қурби озоди пули миллиашро тақозо кардааст. Беларус ба хотири рафъи буҳрони молие, ки алакай боиси 36 дарсад уфтодани қурби пулаш шуд, аз Сандуқи пул то 8 миллиард доллар кумаки молӣ мехоҳад. Сарвазири Беларус Михаил Мясникович гуфт, кишвараш ба ҳайси узви ин ниҳоди молӣ ҳаққ дорад, “дар вазъи мушкил” аз он дасти ёрӣ бихоҳад. Аммо мудири дафтари Сандуқи пул дар Беларус Крис Ҷарвис ба дунбол танҳо бо ҳимояти зоҳиран гарм аз сиёсатҳои зиддибуҳронии Минск иктифо кард.
XS
SM
MD
LG