Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон чирикиҳои Либияро ба расмият шинохт


Гвидо Вестервелле

Олмон чирикиҳои Либияро ба расмият шинохт. Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле дар пайи мулоқот бо раҳбарони чирикиҳо дар пойтахти онҳо –Бенғозӣ- гуфт, Олмон Шӯрои миллии гузорро “ягона намояндаи машрӯъ”-и мардуми Либия мешиносад. Олмон 13-умин кишварест, ки ин ниҳодро расман эътироф кард. Дар ҳамин ҳол, Амрико аз кишварҳои қораи Африқо даъват кардааст, то ба ҳимоят аз Муаммар Қаззофӣ хотима диҳанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Аддис-Адеба, пойтахти Эфиопия, аз раҳбарони Африқо хост, то Қаззофиро канор гузоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG