Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мегӯяд, марзбонашро аз дохил гирифтаанд


Идораи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, як сарбозашро аз дохили марзи Тоҷикистон халъи силоҳ карда, ба Узбакистон бурдаанд. Қаблан марзбонони Узбакистон хабар доданд, ки рӯзи 7 июн як марзбони тоҷик аз марзи байни навоҳии Турсунзодаву Сариосиё убур карда, бо иттиҳоми ғасби аслиҳаи марзбонони узбак боздошт шудааст. Аммо Душанбе мегӯяд, таҳқиқи қазия нишон дод, ки Ҷаҳонгири Бахтиёр марзшиканӣ накарда буд, балки аз дохили марзи Тоҷикистон боздошт шуда, ҷабран ба он сӯи марз бурда шудааст.
Тоҷикистон бо Узбакистон 1283 километр марзи мустақим дорад, ки то ҳол пурра таъйину аломатгузорӣ нашудааст. Танишҳо дар ин марзи тӯлонӣ ҳар сари чанд вақт мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG