Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти зиддиинҳисорӣ танзими нархҳоро хостааст


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ҳукумат танзими нархи бархе аз маҳсулоти муҳими иҷтимоиро пешниҳод кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, алакай низомнома дар бораи тартиби нархгузории чунин анвоъи маҳсулот ва хадамот таҳия шудааст. Аз моҳи апрел ба ин сӯ нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба шиддат боло рафтанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, афзоиши нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз як сӯ ва тасмими Русия барои 45 дарсад боло бурдани боҷи содиротии маводди нафтиаш аз сӯи дигар дар раванди афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон таъсиргузор будааст. Тоҷикистон 60 дарсади маҳсулоти ғизоиро аз хориҷ ворид мекунад. 90 дарсади маҳсулоти нафтӣ ба ин кишвар аз Русия ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG