Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми абади қотили 3 кӯдак дар Қӯрғонтеппа


Фирдавс Саидов, ки дар қатли 3 кӯдак муҷрим шинохта шуд

Фирдавс Саидов, ки дар қатли 3 кӯдак муҷрим шинохта шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон Фирдавс Саидови 18-соларо дар қатли се фарзанди ноболиғи хонаводаи Бекназаровҳо муҷрим шинохта, ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Саидов рӯзи 16 декабр бо ҳадафи ғорати пулу моли ин хонаводаи сокини Қӯрғонтеппа се фарзанди онҳоро, ки 9, 13 ва 15 сол доштанд, куштааст. Фирдавс Саидов, ба гуфтаи додгоҳ, бо ин пул мехост қарзи худ аз ҳамкорони тиҷориашро пардохт кунад, вале ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли ин се кӯдак боздошт шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG