Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон ва Чин чанд санади муҳимро имзо карданд


Сарони Қазоқистон ва Чин имрӯз дар Остона зери Эъломия дар бораи таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории стратегии ду кишвар имзо гузоштанд.

Баъд аз анҷоми музокирот миёни Нурсултон Назарбоев ва Ҳу Ҷинтао хабар дода шуд, ки ҷонибҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши нерӯи ҳастаӣ ва бунёди роҳҳо ба созиш расиданд. Аз ҷумла, имсол Қазоқистон интиқоли маводи сӯхт барои нерӯгоҳҳои ҳастаии Чинро шурӯъ мекунад.

Намояндагони Бонкҳои миллии ду кишвар дар бораи табодули пулҳои миллӣ - юан ва танга ба маблағи як миллиард доллар низ созиш ҳосил карданд.

Қарор аст Ҳу Ҷинтао дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кунад. Ин нишаст рӯзи сешанбе дар Остона ифтитоҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG