Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сангов дақиқан чӣ гуна ба ҳалокат расид?


Пайвандони Сангов дар муҳокимаи додгоҳӣ.

Пайвандони Сангов дар муҳокимаи додгоҳӣ.

Дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зарурати эҳёи озмоишии воқеа мавриди баҳс қарор гирифт.

Ин пешниҳод аз тарафи вакили хонаводаи Сангов замоне ба миён гузошта шуд, ки шоҳидон фарзияи тафтишотро роҷеъ ба захмҳои Сафаралӣ Сангов рад карданд. Аз ҷумла пизишки ҷарроҳ, Муҳаббат Юлдошева гуфт, Сангов ҳамагӣ 47 килограмм вазн дошт ва дар сурати сарозер афтодани ӯ аз ошёнаи дуввум наметавонист сараш ин гуна захми амиқ бинад. Сониян, шикастан ва ба дарун рафтани қабурғаҳои марҳум джар ҳоли сиҳат мондани дасту пои ӯ аз тарафи пизишк зери шубҳа гузошта шуд.

Баъд аз шунида шудани баёноти ҳамсони шоҳиди дигар -- Гулчеҳра Холматова, вакили ҳуқуқии хонаводаи Сангов ба додгоҳ пешниҳод кард, ки барои тасдиқ ё радди ин нишондодҳо аз фурӯафтии озмоишии колбади таҷрибавӣ истифода шавад. Яъне тавассути таҷрибаи эҳёи вазъият муайян карда шавад, ки ҳангоми афтодани ҷисм аз баландии 3-4 метр кадом узвҳои бадани ӯ ба чӣ сурат зарб хоҳанд дид.

Аммо, айбдоршавандаҳо, кормандони умури дохилӣ Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов, иброз доштанд, ки ҳоҷат ба гузаронидани таҷриба ё озмоиш нест, зеро ҳамаи ҳолат дар парванда қайд шудааст. Ҳарду корманди милиса, ки дар бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифа айбдор шуданд, гуноҳи худро қисман пазируфтаанд. Бино бар парванда ҷурми онҳо аз ин иборат аст, ки натавонистаанд аз худкушии нафари боздоштшуда ҷилавгирӣ кунанд.

Сарвиноз Сангова

Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сангов мегӯяд, ки ният дорад баъд аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ шоҳидони тарафи муқобилро дар пешниҳоди иттилои дурӯғ муттаҳам кунад. Вай мегӯяд, ин шоҳидон асосан ҳамкорони айбдоршавандаҳо ва то ҷое шарикони ҷурм мебошанд. Вай меафзояд, дар ҳоле ки шавҳари ӯро 6-7 нафар бо таври хушунатбор боздошт карда буданд, ҳамагӣ 2 нафар расман айбдор шудаанд.

Сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, Сафаралӣ Сангов, рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Шӯъбаи умури дохилии "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар манзили зисташ ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ба гуфтаи аъзои хонаводааш мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Дертар ӯ ба боздоштгоҳ интиқол ёфта, аммо рӯзи 4-уми март дар бемористони Қарияи Боло даргузаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG