Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати сафари Медведев ба Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки ду кишвар мушкилтарин давраи равобити 20-солаи худро тай мекунанд.

Тайи чанд моҳи охир расонаҳои ҳамагонии Русия, аз ҷумла манобеи расмии он, аз маҳдуд шудани ҳар гуна тамоси Кремл бо раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ва агар раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, даъвати расмии сарвари Тоҷикистонро пазируфта бошад, ба назари таҳлилгарон, ин дарвоқеъ навъе гардиш дар муносибатҳои ба таври бесобиқа сарди ду соли охир хоҳад буд.

РУСИЯ АЗ ТОҶИКИСТОН ЧӢ МЕХОҲАД?

Аммо ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки манобеи расмии Кремл то кунун онро, яъне барномаи сафари расмии Дмитрий Медведев ба Тоҷикистонро тайид ё рад накардаанд.



Ҳамчунин бархе манобеъ дар дохили ҳукумати Тоҷикистон низ мегӯянд, то кунун таърихи мушаххаси ин сафар муайян нашудааст. Ва бо эҳтимоли зиёд мушаххас шудани таърихи ин сафар машрут хоҳад буд. Яъне Тоҷикистон алоқаманди анҷоми ин сафар ҳаст, аммо Русия мехоҳад, то баргузории ин сафар ба суолҳои худ аз ҷониби Тоҷикистон посухҳои мушаххас дарёфт кунад. Ва ин суолҳо ҳам дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия баъд аз соли 2013, истифодаи ройгон аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ва баҳси нерӯгоҳи барқи обии Роғун хоҳад буд.

Ихтилофи бештари миёни Тоҷикистон ва Русия аз соли 2005 ба ин сӯ, аз замоне оғоз шуд, ки ҳаводиси Андиҷон иттифоқ афтод ва Узбакистон дубора ба уфуқи сиёсати хориҷии Русия бозгашт. Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки ширкати "Русал"-и Русия таҳти фишори Узбакистон аз иҷрои тааҳҳуди худ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун сарфи назар кард.

Ва ду сол пеш, Дмитрий Медведев зимни сафараш ба Тошканд аз мавзеъи Узбакистон дар ҳалли мушкилоти обу энержӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳо пуштибонӣ кард. Ва он нуктаи атфи ихтилоф дар муносибатҳои ду ҷониб буд, ки аз он замон то кунун сардтар мешавад.

«НУҚОТИ МАВРИДИ БАҲС ҚОБИЛИ ҲАЛ АСТ.»

Аммо Худойбердӣ Холиқназаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ихтилофи усулие дар муносибатҳои ду ҷониб вуҷуд надорад ва нукоти мавриди баҳси мавҷуд қобили ҳал аст. Ӯ мегӯяд: «Муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия он гуна ҳам нест, ки гуё ҷанҷолҳо ба гунаи сахт рафта истодаанд. Ва байни ду кишвар гуё тазоде ба вуҷуд омадааст. Балки баъзе масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳал нашудаанд. Барои ҳалли ин масъалаҳо имконоти васеъ мавҷуд аст. Фикр мекунам дар ду-се моҳи оянда музокироти муҳиме сурат мегирад, ки метавонад ҳам манфиатҳои Тоҷикистон ва ҳам манофеи Русияро таъмин кунад.»

ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТ МЕКУНАД?

Аммо Нуралӣ Давлат, таҳлилгари мустақил ба ин бовар аст, ки таърихи соли 2004 такрор хоҳад шуд. То соли 2004-ум низ муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия ба сардӣ гароида буд, то дар он сол Тоҷикистон ба таъсиси пойгоҳи низомии 201-и Русия мувофиқат кард ва пойгоҳи назорати кайҳонии мавсум ба «Окно»-ро ба таври ройгон дар ихтиёри Русия гузошт.

Дар иваз раҳбарияти Тоҷикистон пуштибонии сиёсии Маскавро дар пешорӯи интихоботи соли 2007-ум ва хуруҷи нерӯҳои марзбони Русияро ба даст овард. Аммо акнун раҳбарияти Тоҷикистон чӣ имтиёз ё қартае барои гузоштан дар рӯи мизи муомила дорад?

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд: «Хоҳиши раиси ҷумҳур Раҳмон роҷеъ ба ин, ки Иттиҳодияи Аврупо миёни Тоҷикистон ва кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мушкил доранд, миёнҷигарӣ кунад, натиҷа надод. Ба ин хотир мо дар баробари як амали анҷомшуда қарор дорем ва соли 2004 такрор хоҳад шуд, яъне Тоҷикистон гузашт хоҳад кард. Ҳамин як фишанги иқтисодие, ки Русия дар муқобили Тоҷикистон истифода кард, баланд бурдани нархи бензин, ҳамин танҳо кофист, ки Тоҷикистон гузашт кунад.»

Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи коршиносон, эълони сафари Дмитрий Медведев дар рӯзи душанбе ба Тошканд шояд як далели дигари безобита шудани мақомоти Тоҷикистон ва эълони барномаи сафари давлатии Медведев ба Душанбе аст ва инчунин навъе таҳрики ин сафар, ки дар ростои хостаҳои мақомоти сиёсии Тоҷикистон мебошад. Шояд муҳимтарин хостаи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон дар як соли охир.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG