Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон Чинро бо маводи сӯхти ҳастаӣ таъмин мекунад


Имсол Қазоқистон интиқоли маводи сӯхт барои нерӯгоҳҳои ҳастаии Чинро шурӯъ мекунад. Дар ин бора Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, баъд аз музокирот бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ҳу Ҷинтао дар шаҳри Остона хабар дод.

Дар гуфташунид дар мавриди ҳамкориҳои ширкатҳои нафту гази ду кишвар низ созиш ҳосил шуд.

Пекин дар музокирот ба Қазоқистон пешниҳод кард, ки аз ин баъд қарзҳо ба кишвар аз тариқи пули миллии Чин - юан ироа шавад. Аз ин пеш Чин ба Қазоқистон қарзҳои долларӣ медод.

Қарор аст Ҳу Ҷин Тао дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кунад. Ин нишаст рӯзи сешанбе дар Остона ифтитоҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG