Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар Лаҳистон ҷойгир мешаванд


Имзои созиш аз сӯи вазири дифоъи Лаҳистон Богдан Клих ва сафири ИМА Ли Файнштейн
Имзои созиш аз сӯи вазири дифоъи Лаҳистон Богдан Клих ва сафири ИМА Ли Файнштейн
Варшава ва Вошингтон дар бораи соли 2013 дар қаламрави Лаҳистон ҷойгир кардани ҳавопаймоҳои низомии F-16 и ҳавопаймоҳои боркаши C-130 Hercules ба созиш расиданд.

Қарор аст, ки мутахассисони амрикоӣ кор дар ин ҳавопаймоҳоро ба ҳамтоҳои лаҳистонии худ биомӯзонанд.

Созиш дар Варшава аз сӯи вазири дифоъи Лаҳистон Богдан Клих ва сафири Амрико Ли Файнштейн имзо шуд.

Бархе аз нуктаҳои ин санад соли оянда мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.

Дар бораи имзои ин созиш охирҳои моҳи май дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ба Лаҳистон хабар дода шуда буд.
XS
SM
MD
LG