Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиаи Сарвинозе, ки барқ дастҳояшро аз ӯ рабуд


Сарвиноз дар миёни дугонаҳояш

Сарвиноз дар миёни дугонаҳояш

Сими барқ Сарвинози ҳаштсоларо аз ҳарду даст маҳрум кард. Осеби ӯро кӣ ва чӣ гуна ҷуброн хоҳад кард?

Дасти рости вай аз оринҷ болотар ва дасти чапаш аз китф докапеч аст. Модари Сарвиноз -- Фароғат Масобирова мегӯяд, ягона хоҳиши вай ин аст, ки масъулони идораи барқ ба фарзанди маъюбаш ёрӣ расонанд.

Вай дар ҳоле ки чашмонаш пури ашканд, мегӯяд: «Бигзор онҳо то охири умри духтарам ӯро мисли фарзанди худашон нигоҳубин кунанд. Танҳо ҳаминро мегӯям. Ба сари мо ҳамин фоҷиа омад, духтарам бе даст монд, корношоям шуд. Мо имконияти вайро табобат кардану дастони сунъӣ гузоштан надорем.»

Суҳбати мо бо хонум – Фароғат ва духтараш – Сарвиноз чанд қадам дуртар аз пойгоҳи трансформатори нерӯи барқ иттифоқ меафтад, ки дар канори бинои асосии мактаби Сарвиноз воқеъ аст. Вақте мо сӯҳбат мекардем, дари пойгоҳи трансформатор қулфзада буд. Аммо рӯзи фоҷиа ин дар боз будааст. Сарвиноз ҳодисаи ба сараш омадаро чунин нақл кард:

«Ин як рӯзи баъди борон буд, мо бозӣ мекардем ва дари пойгоҳи трансформатор боз буд. Ман он ҷо даромадам ва ба сим даст бурда, баъд аз ҳуш рафтам. Ба худ омада, хазида берун баромадам ва муаллимонам маро ба беморхона бурданд.»

Додситонии Суғд парванда боз карда, ду корманди идораи барқи Хуҷандро мутобиқи банди «хунукназарӣ» дар адои вазифа ба ҷавобгарӣ кашидааст. Идораи барқ мегӯяд, як комиссияи вижа ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст. Муовини раиси идораи «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд, Инъом Сангинов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
«Аслан бояд дари пойгоҳи трансформатори нерӯи барқ доим маҳкам бошад. Ва даромадани касони бегона ҳам ба он ҷо тамоман мумкин нест. Ҳоло тафтишот муайян мекунад, кӣ дари онро боз гузошт ва духтаракро барқ зад. Агар корманди идораи шабакаи барқ онро кушода монда бошад, нисбат ба вай чора мебинанд.»

Вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, назорати пойгоҳҳои траснформатор ва қуфлзании дари онҳо дар шароити лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили аслии кормандони идораҳои барқ шудааст.
«Ҳар пойгоҳи трансформатор се – чаҳор дар дорад. Ва он ҷо қулфҳои ҳархела гузоштан намешавад, чунки вақти зарурат бояд зуд бо як калид боз шавад. Мо он ҷо қулфҳои фармудаи якхела мегузорем, аммо баъзе касон онро мешикананд ё гирифта мепартоянд. Мо тавони ҳамаи траснформаторҳоро посбонӣ кардан надорем.»

Аммо Майрам Икромова, мудири мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 22- и шаҳри Хуҷанд мегӯяд, бархе аз пойгоҳҳои траснформатори нерӯи барқ, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар назди мактабҳо бунёд шудаанд, ба як дарди сари муаллимон табдил ёфтаанд.

«Пойгоҳи трансформатор дар баланси мактаб нест. Пеш қулфи дарунии онро маҳкам мекарданд, солҳои ахир қулфи овезон гузоштанд. Баъзе вақтҳо онро маҳкам накарда мерафтанд. Мо ҳамроҳи мудири хоҷагии мактаб борҳо қуфл харида, онро маҳкам меардем. Баъд мудири хоҷагӣ гуфтанд, ки ман дигар ба ин кор дахолат намекунам, ки аҳолӣ бо ман қариб мушт ба гиребон шуда истодаанд.»

Дари ин пойгоҳи трансформаторӣ ҳамоно боз аст...

Бархе аз коршиносони масоили энергетикӣ мегӯянд, ҷорӣ будани лимити барқ дар Тоҷикистон ва зуд-зуд аз кор баромадани қисмҳои трансформатор пойгоҳҳои он сокинонро ба интизори усто нашудану боз кардани пойгоҳҳо ва ворид шудан ҷиҳати таъмир баҷуръат кардааст. Аз ин рӯ, дари бисёр пойгоҳҳои трансформаторро ба ҷойи қулф сим ё ресмон мебанданд.

Аммо Ғуломидини Сайфидинов, коршиноси масоили эренгетикӣ мегӯяд: «Ин ҳолат барои масъулони шабакаҳои барқ баҳона дода наметавонад. Агар қулф ё дари пойгоҳи трансформаторро аҳолӣ шиканад, онро бояд ҳатман дуруст кунанд. Бояд техникаи бехатарӣ, ки кормандони барқ аз он имтиҳон месупоранд, бояд қатъиян ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ риоят шавад.»

Аз зарбаи нерӯи барқ зарар дидани Сарвинози ҳаштсола дар вилояти Суғд рӯйдоди наве нест. Бино бар маълумоти ширкати «Барқи Тоҷик» дар Хуҷанд, дар чанд соли ахир се ҳодисаи зарари сахти ҷисмонӣ бардоштани сокинон дар пойгоҳҳои трансформаторӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо бино бар маълумоти ғайрирасмӣ, чунин ҳодисаҳо ба маротиб бештар рух медиҳанд, вале сокинон аз бими ҷавобгарӣ дар хона табобат мегиранд.

Идораи барқи Хуҷанд дар пайи фоҷиаи Сарвиноз масъулони ҳамаи мактабҳои миёнаро ба таври хаттӣ огоҳ кардааст, ки шогирдони худро аз ворид шудан ба пойгоҳҳои трансформаторӣ ва боз кардани марказҳои тақсими барқ ҳушдор диҳанд.

Дар ҳамин ҳол Фароғат Масобирова мегӯяд, масъулони идораи барқи Суғд ба вай дар табобати фарзандаш, Сарвиноз, ки аз задании барқи дохили трасформатор аз ҳар ду даст маҳрум шудааст, ваъдаи кӯмак додаанд. Аммо муҳим ин аст, ки оё ба ваъда вафо хоҳанд кард ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG