Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабонарӯзи гузашта оташсӯзӣ боз тақрибан дувуним ҳазор гектар ҷангалзори минтақаи Сибири Русияро фаро гирифт. Айни ҳол дар ин минтақа беш аз 37 ҳазор гектар ҷангалзор месӯзад.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, то имрӯз 54 манбаъи сӯхтор аз байн бурда шудааст ва аммо дар 206 мавзеъ оташсӯзӣ идома дорад.

Дар минтақаҳои Красноярск ва Иркутск аз 10 июн ба ин сӯ бар асари густариши майдони сӯхтор вазъи фавқулодда эълон шудааст.

Дар хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангалзор айни ҳол беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG