Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбоз дар Вазиристони ҷанубӣ


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари таркиши бомби канори роҳ се низомии ҳукуматӣ ҷон бохтанд.

Ба иттилоъи мақомоти амниятии кишвар, таркиш дар вилояти Вазиристони ҷанубӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки аз ин роҳ корвони мошинҳои низомӣ мегузашт. Дар ин ҳодиса се низомии дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Покистон дар ташкили инфиҷор толибонро айбдор мекунанд, ки дар ин минтақа панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG