Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар шаҳри Ҷиср-аш-Шукур, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ гӯристони дастаҷамъии даҳ корманди амниятиро пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки дар бадани ҳамаи онҳо нишонаҳои шиканҷа ошкор шудааст.

Дирӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия тавассути тонку чархболҳо ин шаҳрро таҳти назорати худ қарор доданд. Ҳафтаи гузашта, ба иттилоъи расмӣ, дар Ҷиср-аш-Шукур бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона 120 корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи расонаҳо, тайи рӯзҳои ахир беш аз панҷ ҳазор сокинони минтақа аз марз бо Туркия убур намуданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват кард, ки ба талаби мардум гӯш диҳад.
XS
SM
MD
LG