Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ваъда дод, ки бо ҳама аҳзоби мухолифи ҳукумат ҳамкории зич хоҳад кард.

Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия бори саввум дар интихоботи парлумонӣ пирӯзӣ ба даст овард. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, аз ҳизби Эрдуғон 50 дар сади райъдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд ва ин имкон медиҳад, ки ҳизби ҳоким ҳукумати навро бидуни ҷалби дигар нерӯҳои сиёсӣ таъсис кунад.

Нахуствазири Туркия баъд аз нашри натоиҷи пешакии интихобот гуфт:
"Миллати азизамон ба мо на фақат имкони идораи кишвар дар тули боз як мӯҳлати навро дод, балки аз мо хост, ки ба таҳияи Қонуни асосии нав машғул шавем. Одамон ба мо эътимод кардаанд, ки Қонуни асосии навро дар пояи музокирот ва созиш таълиф кунем".

Ҳизби адолат ва рушди Туркия қабули Қонуни асосии нав дар референдуми умумимиллиро яке аз аҳдофи аслии худ эълон кардааст. Ин Қонуни асосӣ бояд ҷойгузини конститутсияи феълӣ шавад, ки соли 1982 баъд аз кудатои низомӣ мавриди татбиқ қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG