Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо тан аз мухолифони ҳукумати Эрон рӯзи якшанбе дар Теҳрон як раҳпаймоии бесадо барпо кардаанд.

Сомонаҳои мухолифон ва шоҳидон мегӯянд, ин тазоҳурот дар солгарди дуввуми интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон, ки дар моҳи июни соли 2009 Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд ва мунҷар ба ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ва зуҳури Ҷунбиши сабз гашт, баргузор шудааст.

САДҲО ТАН ДАР ХИЁБОНҲОИ ТЕҲРОН

Сомонаи «Калима» навишт, рӯзи 12-уми июн садҳо нафаре, ки дар хиёбони Валиасри Теҳрон раҳпаймоӣ доштанд, боздошт шудаанд. «Калима» аз қавли хабарнигоронаш мегӯяд, тазоҳуркунандагон ҳатто ҳангоми боздошт шудани хеш ҳам хомӯшу ором боқӣ монданд. Яке аз тазоҳургарон ба Радиои Фардо гуфт, раҳпаймоии мухолифон зери назари нирӯҳои амниятӣ мегузашт.

Намояндагони Ҷунбиши сабз аз тарафдорони худ даъват карда буданд, то солгарди дуввуми он интихоботи
Мирҳусайни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, номзадҳои мӯътаризи интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон

пурбаҳсро, ки натоиҷаш, ба бовари мухолифин, ба фоидаи Аҳмадинажод дасткорӣ шуда буд, бо чунин шева, яъне “раҳпаймоии бесадо” таҷлил кунанд. Аммо мақомоти Эрон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, Аҳмадинажод дар соли 2009 бар рақибонаш, аз ҷумла бар раҳбарони мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, дар як раъйгирии озоду одилона ғолиб омада буд.

Ба дунбол, мақомот ошӯбҳои пасоинтихоботиро бо зӯр фурӯ нишонда, садҳо тан аз фаъолони мухолифро ба зиндон кашонданд. Мусавӣ ва Каррубӣ низ ба дунболи даъват ба гирдиҳамоие, ки даҳҳо ҳазорро ҷамъ овард, аз моҳи феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

ИСТИҚБОЛ АЗ ОШӮБҲОИ ҶАҲОНИ АРАБ ВА САРКӮБИИ МУХОЛИФОНИ ХУДӢ

Раҳбарони Эрон дар ин авохир аз ошӯбҳои ҷаҳони араб гарм истиқбол карда, вале ҳамзамон алайҳи мухолифони худ, ки барои эътироз ба хиёбонҳо мерехтанд, аз нирӯ истифода мебурданд.

Амир Арҷманд, сухангӯи Мӯсавӣ рӯзи 11-уми июн дар Вашингтон гуфт, бо вуҷуди фишору таъқиб давлат натавонистааст, то кунун даҳони Ҷунбиши сабзро аз гуфтани ҳарфи эътироз бубандад.

КАЛТАККОРИИ ТАЗОҲУРГАРОН

Ба навиштаи сомонаи “Саҳомнюс”, рӯзи 12-уми июн пулис ва маъмурони либоси мулкӣ дар тан тазоҳургаронро дар боғи хиёбони Валиаср бо калтак пароканда мекарданд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, боздошти бархе афрод аз сӯи нирӯҳои амниятиро таъйид карда, навиштааст, ки онҳоро бо иттиҳоми нақзи тартибот дастгир кардаанд.

ИРНО гуфтааст, ҳузури қавии нирӯҳои амниятӣ дар Теҳрон монеи ба ҳадаф расидани чанд нафаре шуд, ки бо ҳидояти хориҷиён қасди ба ҳам задани муҳити осоиштаи ҷомиаро дар сар доштанд.

МАРГИ ДУ ФАЪОЛИ СИЁСӢ ДАР ЭРОН

Ва дуруст дар солгарди дуввуми интихоботи пурбаҳси Эрон, Ҳудо Ризозодаи Собир, хабарнигори маъруф ва фаъоли
Ҳудо Собир, хабарнигори маъруф дар зиндон ҷаҳонро падруд гуфт

мазҳабии эронӣ, дар синни 52-солагӣ дар зиндон бар асари сактаи қалб даргузашт.

Ҳудо Собир, ки дар ҷараёни саркӯбии ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дигарбора ба зиндон кашонида шуд, тақрибан 10 рӯз пеш дар зиндони Эвин ба нишони эътироз ба марги маҳбуси сиёсии дигар Ҳола Саҳобӣ дар ҷараёни маросими дафни падараш эълони гуруснанишинӣ карда буд.

Саҳобӣ, бино ба хабарҳо, дар пайи бо аҳли ин маросим даргир шудани нирӯҳои амниятӣ низ бар асари сактаи қалб ба зиндагӣ падруд гуфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG