Пайвандҳои дастрасӣ

Даври навбатии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо миёни мардон, ки рӯзҳои 11-12-уми июн дар шаҳри Таллинни Эстония баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Италия поён ёфт.

Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро танҳо як нафар – Фарҳод Раҳимов намояндагӣ кард ва ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 81 килограмм дар нахустин қувваозмоиаш аз гуштигири Укроин мағлуб шуд.

Вале дар ин мусобиқа, афзуд ҷаноби Мамадсафоев, паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба иллати лат хӯрдани ангушти дасти чапаш дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Бухарести Руминия ширкат накард.

Ҳоло Расул барои ширкат дар “Judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги дзюдо”), ки рӯзҳи 18-19-уми июн дар Бразилия баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Дар ин мусобиқа, инчунин, паҳлавони дигари тоҷик Парвиз Собиров дар вазни то 90 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонӣ дар Таллинн:

-60 кг
1. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)

2. МАГЕРС Андрейс (Латвия)
3. МИЛЛАР Ҷеймс (Британияи Кабир)
3. ШИХАЛИЗОДА Ният (Озарбойҷон)

-66 кг
1. ПОЛЛАК Голан (Исроил)

2. КУЗНЕТСОВ Максим (Русия)
3. ДЕ ЙОНГ Ҷаспер (Ҳолланд)
3. ДРЕБОТ Сергей (Украина)

-73 кг
1. ХУСУЗ Сезер (Туркия)

2. ПАЛЕЛАШВИЛИ Иосеф (Исроил)
3. ДИ КРИСТО Ҷованни (Италия)
3. ИЛМАЗ Ҳасан (Туркия)

-81 кг
1. БРУЕРЕ Франсеско (Италия)

2. ВОРОБЁВ Иван (Русия)
3. МАРКОНСИНИ Маттео (Италия)
3. СИДАКОВ Азамат (Русия)

-90 кг
1. МЕЛОНИ Роберто (Италия)

2. ГУРБАНОВ Рамин (Озарбойҷон)
3. РАНДЛ Милан (Словакия)
3. СЕМЁНОВ Виктор (Русия)

-100 кг
1. ДЕНИСОВ Вячеслав (Украина)

2. РЕШКО Викторс (Латвия)
3. БЛОШЕНКО Артём (Украина)
3. САССОН Ор (Исроил)

+100 кг
1. ПАСКЕВИТСИУС Мариус (Литва
)
2. ОСНАС Владимирс (Латвия)
3. САНТОС Валтер (Бразилия) 3. ВЕРБИЖ Люк (Ҳолланд)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG