Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий, ки дар Боку ҷараён дорад, дар ду бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6 ва Гурҷистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст. Натоиҷи бозиҳои ду даври сабқати гурӯҳи чунин аст:

Гурӯҳи “А” - Озарбойҷон – Қирғизистон – 3:0
Туркия – Узбакистон – 6:0
Озарбойҷон – Узбакистон – 4:2
Туркия – Қирғизистон – 3:0

1. Туркия - 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 9-0). 2. Озарбойҷон – 6 (7-2). 3. Қирғизистон – 0 (0-6). 4. Узбакистон – 0 (2-10).

Гурӯҳи “В” - Гурҷистон – Қазоқистон – 5:1
Испания – Тоҷикистон – 6:0
Гурҷистон – Тоҷикистон – 5:0
Испания – Қазоқистон – 8:0

1. Испания - 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 14-0). 2. Гурҷистон – 6 (10-1). 3. Тоҷикистон – 0 (0-11). 4. Қазоқистон – 0 (1-13).

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)
Гурӯҳи “А” - Узбакистон – Қирғизистон
Озарбойҷон - Туркия
Гурӯҳи “В” - Тоҷикистон – Қазоқистон
Испания - Гурҷистон

Бар асоси низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳ ба финал мебароянд. Бозии ниҳоӣ 16-уми июн барпо мегардад. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб мешаванд, барои ҷойи севум мубориза хоҳанд бурд.

Ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, мураббии калони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, иштирок дар Ҷоми Каспий барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2012 маҳсуб мешавад. Вай афзуд, мо аввалин бор бо тимҳои аврупоӣ бозӣ хоҳем кард ва ин ба мо имкон медиҳад, ки таҷоруби хуби байнулмилалӣ касб намоем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG