Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи дирӯза низ пирӯз шудааст.

Ин севвумин интихоботи парлумонист, ки ба фоидаи ин ҳизб анҷом мешавад ва бино ба натоиҷи шумориши оро, ҳизби адолат ва тараққиёт ин бор 50 дарсади оро ва ба ин тартиб, 326 курсӣ аз 550 чавкии парлумони Туркияро ба даст меорад.

Вале ин миқдори курсиҳо барои касби аз се ду ҳиссаи оро, ки аксарияти конститутсиониро дар маҷлис барои ҳизби Эрдуғон муяссар гардонад, кифоят намекунад ва ӯ маҷбур аст, барои анҷоми ислоҳоти фарогири Қонуни асосӣ ва табдили низоми парлумонии Туркия ба низоми раёсатҷумҳурӣ, бо яке аз ҳизбҳои дигари ба маҷлис роҳёфта эътилоф бубандад.

Бар асоси шумориши 99 дарсади оро, ҳизби Эрдуғон - 50 дарсад ва рақиби аслиаш - ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ 26 дарсади раъйҳоро ба даст оварда, ҳизби миллигарои амал низ бо касби 13 фоизи оро садди 10-дарсадии убурро гузашта, ба парлумони Туркия роҳ меёбад.

Оё чӣ омилҳое ба пирӯзии навбатии ҳизби Эрдуғон дар ин интихобот мусоидат кард? Ва оё бо чунин мизони ҳимоят ин ҳизб қодир ҳаст он ҳама барномаи ислоҳотеро, ки дар сар дорад, ин бор амалӣ кунад? Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати доктор Аббоси Ҷаводӣ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ ва таҳлилгари масоили сиёсии Туркияву Ховари Миёна.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG