Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти хабарнигори эронӣ дар зиндон


Ҳудо Собир
Ҳудо Собир
Рӯзи якшанбе, дар солгарди дуввуми интихоботи пурбаҳси Эрон Ҳудо Ризозодаи Собир, хабарнигори маъруф ва фаъоли мазҳабии эронӣ, дар синни 52 дар зиндон бар асари сактаи қалб даргузашт. Ҳудо Собир, ки дар ҷараёни саркӯбии ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дигарбора ба зиндон кашонида шуд, тақрибан 10 рӯз пеш дар зиндони Эвин ба нишони эътироз ба марги маҳбуси сиёсии дигар Ҳола Саҳобӣ дар ҷараёни маросими дафни падараш эълони гуруснанишинӣ карда буд. Саҳобӣ, бино ба хабарҳо, дар пайи бо аҳли ин маросим даргир шудани нирӯҳои амниятӣ низ бар асари сактаи қалб ба зиндагӣ падруд гуфт.
XS
SM
MD
LG