Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Костя Тсзю - дар Толори шӯҳрати ҷаҳонии бокс


Муштзани маъруфи касбӣ Константин Тсзю нахустин муштзани рус шуд, ки исмашро дар Толори шӯҳрати бокси ҷаҳонӣ насб карданд. Тсзюи 41-сола инро “як дастоварди хеле ва хеле бузург” барои Русия номид. Дар ин Толори шӯҳрат исми муштзани шӯҳратёр Майк Тайсон ва ҳунарманди Ҳолливуд Силвестр Сталлоне барои иҷрои нақши як муштзан дар силсилаи филмҳои “Роккӣ” насб шудааст. Тсзю 4 дафъа дар вазни миёна қаҳрамони ҷаҳонии бокс шуда, дар Австралия, ки аз соли 1992 ба ин сӯ ба сар мебарад, қаҳрамони варзиш шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG