Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиҳои афғон мегӯянд, тайи як шабонарӯзи охир дар ҷараёни як амалиёт дар вилояти Бодғис 32 ҷангии толиб кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Фармондеҳи Урдуи давлатӣ генерал Шаҳзода ҳамчунин аз ҳалокати 4 сарбози Урду ва ҷароҳат бардоштани 3 сарбози дигар хабар додааст. Феълан ҳудуди 130 000 сарбози хориҷӣ таҳти фармондеҳии НАТО дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд. Хуруҷи маҳдуду батадриҷи ин нирӯҳо бояд аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз ёфта, то поёни соли 2014 такмил шавад.
XS
SM
MD
LG