Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби Эрдуғон дар интихоботи Туркия


Эрдуғон
Эрдуғон
Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи дирӯза пирӯз шуд. Бар асоси шумориши 99 дарсади оро, ҳизби Эрдуғон – 50 дарсад ва рақиби аслиаш – ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ 26 дарсади раъйҳоро ба даст оварда, ҳизби миллигарои амал низ бо касби 13 фоизи оро садди 10-дарсадиро убур кардааст. Ҳизби адолат ва тараққиёт ба ин тартиб, 326 курсӣ аз 550 чавкии парлумони Туркияро ба даст меорад. Вале ин миқдори курсиҳо барои касби аз се ду ҳиссаи курсиҳо, ё аксарияти конститутсионии лозим барои анҷоми ислоҳоти Қонуни асосӣ дар маҷлис кифоят намекунад.
XS
SM
MD
LG