Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набардҳо барои Зовия ва шоҳмотбозии Қаззофӣ


Дар Либия даргириҳо байни чирикиҳо ва нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ барои шаҳри Зовия, як бандари бузурги нафтии воқеъ дар ҳамагӣ 50-километрии пойтахт Троблус идома дорад. Нирӯҳои Қаззофӣ мегӯянд, чирикиҳоро аз роҳи вуруд ба Зовия пас гардондаанд, вале ба гуфтаи чирикиҳо, набардҳо то ҳол дар маркази шаҳр идома дорад. Бо ин ҳол, телевизиони Либия тасвирҳое аз мулоқоти Қаззофӣ бо раҳбари Федеросиюни ҷаҳонии шоҳмот Кирсан Илюмжиновро намоиш дод. Қаззофӣ дар пайи оғози амалиёти НАТО хеле кам дар мазҳари омм зоҳир мешавад, вале Илюмжинов гуфтааст, ки бо Қаззофӣ як даст шоҳмот бозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG