Пайвандҳои дастрасӣ

5 китоб аз ҳар мансабдор барои Китобхонаи миллӣ


Мақари феълии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Мақари феълии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои такмили хазинаи Китобхонаи миллӣ як маъракаи саросарӣ шурӯъ шуда, ба хотири омодагиҳо ба гушоиши ин сохтмон таҳти раҳбарии муовини сарвазир Руқия Қурбонова ситоди вижае ташкил додаанд. Сохтмони нави нӯҳқабатаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, қарор аст, моҳи сентябр дар солгарди 20-уми истиқлолияти ин кишвар боз шавад. Ин бино барои нигоҳдории 7 миллион китоб пешбинӣ шудааст ва ин дар ҳолест, ки феълан дар сохтмони қадими Китобхонаи Фирдавсӣ чизе дар ҳудуди 3 миллион нусха китоб мавҷуд аст.
Ношири ин хабар – “Интерфакс” менависад, бархе мансабдорон шикоят кардаанд, ки гӯё мақомот ҳар кадоми онҳоро ба супоридани дастикам 5 китоб ба хазинаи Китобхонаи миллӣ муваззаф кардаанд.
Эҳдоси бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG