Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ба бинои додгоҳи вилояти Бадахшон ҳамла оварда, ду қозиро латукӯб кардааст. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ин афрод бо чунин шева эътирози худро ба эълони ҳукми Каён Раҳимхудоеви 29-сола, ки ба куштор айбдор мешуд, изҳор кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, издиҳом дар бинои додгоҳ харобкории зиёд карда, қозии мурофиа Акбаршо Сафаров ва муовини раиси додгоҳ Халил Холиқовро зери мушту лагат гирифт ва дар натиҷа ҳарду додрасро ба бемористон бурдаанд. 2 нафар дар иртикоби ин қазия боздошт шуда, додситонӣ алакай бо иттиҳомоте, чун авбошӣ, мамониат ба кори додгоҳ ва таҳдид ба ҳаёти ходимони додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG