Пайвандҳои дастрасӣ

Д.Медведев имрӯз ба Тошканд хоҳад рафт


Дидори як сол қабли Дмитрий Медведев бо Ислом Каримов

Дидори як сол қабли Дмитрий Медведев бо Ислом Каримов

Имрӯз, 13 июн, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Узбакистон сафар ва бо ҳамто узбакаш Ислом Каримов мулоқот мекунад. Ба дунбол, оқои Медведев барои 2 рӯз ба Қазоқистон хоҳад рафт.
Раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао имрӯз сафари серӯзааш ба Қазоқистонро бо мулоқот бо раҳбари ин кишвар Нурсултон Назарбоев оғоз мекунад.
Интизор меравад, имрӯз фиристодаи хоси Амрико дар масоили энержии АвроОсиё Ричард Морнингстар аз Туркманистон боздид кунад.
Ва ҳам 9 сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне дар таърихи 13 июни соли 2002 нахустин Лоя Ҷиргаи ҷамъшуда баъд аз суқути Толибон дар Афғонистон Ҳомиди Карзайро ба ҳайси раҳбари давлат интихоб кард.
XS
SM
MD
LG