Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як фаъоли миллӣ-мазҳабӣ дар Эрон


Бино ба гузоришҳо, Ризо Ҳодӣ Собир, хабарнигори шинохта ва фаъоли миллӣ мазҳабӣ, ки ду сол пеш баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ зиндонӣ шуд, бар асари гуруснанишинии 10-рӯза ва сактаи қалбӣ имрӯз даргузаштааст. Давлати Эрон баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июни соли 2009, бо саркӯби тазоҳуротҳои мардумӣ сиёсатмадорон ва фаъолони мухолифинро зиндонӣ кард. Ризо Ҳодӣ Собир, бо нишони эътироз аз марги Ҳола Саҳобӣ, як фаъоли дигари тарафдори демократия дар Эрон гуруснанишӣ кард, ки ӯ дар маросими дафни падараш бар асари сактаи қалб даргузашт ва ба гуфтаи тарафдораш рафтори маъмурони амниятӣ ӯро ба ин ҳол расонданд. Ризо Ҳодӣ Собир 50 сол дошта ва дар гузашта ҳам зиндонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG