Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нерӯҳои Сурия ба шаҳри Ҷиср аш-Шуғур


Артиши Сурия рӯзи якшанбе аз ду самт бо тонку сарбозон ба шаҳри Ҷиср аш-Шуғур дар шимолуғарби кишвар ворид шуд.

Дар ин шаҳр, ки шоҳиди тазоҳуротҳои густурдаи зиддидавлатӣ буд, ҳафтаи гузашта 120 маъмури амниятӣ кушта шуданд.

ҶИСР АШ-ШУҒУР- ПОЙГОҲИ МУСТАҲКАМИ МУХОЛИФОН

Кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсоз, як ниҳоде, ки тазоҳуротҳо дар Сурияро мушоҳида мекунад, гуфтааст, нерӯҳои давлатӣ бо 220 мошини зиреҳпӯш ва тонкҳо аз самтҳои ҷануб ва шарқ ба шаҳри Ҷиср аш-Шуғур ҳамла карда ва айни замон садои тирандозии чархболҳо низ ба гӯш мерасид. Ин минтақаи наздик ба марзи Туркия аз гузашта бо давлати Сурия хусумат дорад ва дар саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ барои нерӯҳои давлатӣ мушкили сахте эҷод кардааст.

Аз бими ҳалок шудан, ҳазорон нафар аз сокинони ин шаҳр ба Туркия гурехта ва дар урдугоҳҳои муваққатӣ ҷой гирифтаанд. Артиши Сурия мегӯяд, шаҳри Ҷиср аш-Шуғур дар контроли “афроди мусаллаҳ” аст, ки ҳафтаи гузашта 120 маъмурони интизомиро куштанд, вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин маъмурони интизомиро ҳамхидматонашон барои барангехтани ошӯби дохилӣ куштаанд.

ИДОМАИ РӮЁРӮИҲО ДАР ҶИСР АШ-ШУҒУР

Ҷиср аш-Шуғур хонаи тақрибан 40 ҳазор нафар аст ва бино ба гузоришҳо, даргириҳо дар он рӯзи якшанбе ҳам идома кард. Хабаргузории давлатии Сурия САНА мегӯяд, воҳидҳои артиш ба шаҳр ворид шуда ва кӯчаву пулҳоро аз минаҳои гузоштаи афроди мусаллаҳ пок карданд.

Дар шаҳри мазкур умдатан суннимазҳабон сукунат доранд, вале дар он рустоҳои қавми алавӣ ва насрониҳо низ ҳастанд. Агарчӣ аксарият дар Сурияро суннимазҳабон ташкил медиҳанд, аммо худи Башшор Асад аз як бахши қавми алавиҳо аст, ки шиъамазҳабанд.

Мустафо Оссо, як ҳомии ҳуқуқи башар аз Сурия ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтааст, артиши кишвар дар се минтақаи вилояти Идлиб алайҳи онҳое амалиёт мегузаронад, ки бо сарпечӣ аз иҷрои фармон барои саркӯби тазоҳургарон аз артиш фирор кардаанд.

Аз замони қиёмҳои мардумӣ дар Сурия, ки моҳи март шурӯъ шуд, то кунун дар ин саркӯбиҳо бештар аз 1000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG