Пайвандҳои дастрасӣ

Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон сафар мекунад


Интизор меравад, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ ба унвони Дмитрий Медведев, ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Русия гуфтааст, итминон дорад, ки сафари қарибулвуқӯъи Дмитрий Медведев, ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия такони нав мебахшад. Замони сафарро эълом накардаанд. Тайи як соли ахир нишонаҳое аз сардӣ дар муносиботи ду кишвар ба чашм мерасад, аз ҷумла ду тараф муддати тӯлонист, ки бар сари ҳузури ояндаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ихтилофоти назар доранд.
XS
SM
MD
LG