Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон мегӯянд, ки дар дидори И.Каримов бо Д.Медведев, масъалаҳои марбут ба Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба иттилои Дафтари матбуотии презденти Русия, ки дар расонаҳои хориҷӣ ба нашр расидааст, ин сафар бо даъвати раиси ҷумҳури Узбакистон сурат гирифта ва қарор аст, Дмитрий Медведев, барои анҷоми ин сафари дурӯза, фардо, душанбеи 13-уми июн вориди Тошканд шавад.



Ба иттилои расмии Дафтари матбуоти прзиденти Русия, интизор меравад дар ин дидор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистону Русия ва ҳамчунин мавзӯъҳои умдаи минтақаӣ баррасӣ шавад.

ТОШКАНД АЗ МАСКАВ ЧӢ МЕХОҲАД?

Бархе аз таҳлилгарони Русия дар робита ба ин мулоқот гуфтаанд, ки Ислом Каримов пас аз ҳамоиши ахири нерӯҳои мухолифи ҳукуматаш дар Берлин то андозае ба андеша афтодааст. Алексей Малашенко, узви Шӯрои илмии Маркази таҳлилии ба номи Карнегӣ воқеъ дар Маскав дар сӯҳбат бо «Независимая газета» гуфтааст, ки Ислом Каримов аз фаъол шудани мухолифони ҳукумати Тошканд нигарон буда, дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо мехоҳад дақиқ кунад, ки Маскав то кадом андоза ва бо чӣ наҳвае аз мавқеи Тошканд метавонад пуштибонӣ кунад.

Ба назари таҳлилгарони Русия, азбаски Тошканд дар бахши энержӣ, ба хусус нафту газ, ҳамшарики Маскав ба ҳисоб меравад, ба ҳар сурат Русия аз мавқеи Каримов дифоъ хоҳад кард.

РОҒУН МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО?

Аммо дар Душанбе минтақашиносон дар робита ба мулоқоти сарони Узбакистону Русия пешбинии дигар доранд. Онҳо мегӯянд, воқеан Ислом Каримов мехоҳад мавқеи Русияро мушаххас кунад, вале на дар мавриди мухолифони ҳукумати Тошканд, балки дар робита ба масъалаи сохтмони обанбори Роғун дар Тоҷикистон.

Ин мулоқот дар рӯзҳое баргузор мешавад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари якҳафтаина дар Аврупо пас аз ҷалби сармоягузории кишварҳои Ғарб ба барномаҳои энержии кишвараш, ба Душанбе баргаштааст.

МАВҚЕИ СОБИТИ ТОҶИКИСТОН ВА НИГАРОНИИ МАСКАВУ ТОШКАНД

Коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов, бар ин аст, ки дар ҳошияи масъалаҳое, ки сарони Тошканду Маскав гуфтугӯ хоҳанд кард, эҳтимол дорад, мавқеи ин кишварҳо дар баробари барномаҳои обу энержии Тоҷикистон, аз ҷумла обанбори Роғун бори дигар мушаххастар шавад.

Комёб Ҷалилов, коршинони Маркази таҳлилии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Зеро ба назари ҷаноби Ҷалилов, фишорҳои Тошканд ва як андоза Маскав дар масъалаи Роғун, мавқеи Тоҷикистонро дигар накард: «Акнун инҳо, яъне Тошканду Маскав мехоҳанд, мавқеи худро дар баробари сохтмони Роғун мушаххас кунанд, ки дар оянда ба нафъи онҳо низ бошад.»

Таҳлилгарони дигар низ ишора ба он мекунанд, ки дар як соли ахир таваҷҷӯҳи кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ ба барномаҳои энержии Тоҷикистон бештар шудааст.

"ТОШКАНД ДИГАР НАМЕТАВОНАД САДДИ СОХТМОНИ РОҒУН БОШАД"

Коршиноси Маркази таҳлилии «Диалог» Ҳикматулло Сайфуллозода бар ин назар аст, ки маҳз таваҷҷӯҳи Ғарб ба захоири обу энержии Тоҷикистон, Русияро ба унвони кишвари бонуфуз дар ин минтақа водор мекунад, ки ҳатман дар Тошканд ин масъаларо баррасӣ кунад: «Чун масъалаи обу энержии Осиёи Марказиро Иттиҳодияи Аврупо
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ

дунбол дорад ва Русия, ки ҳанӯзам дар масоили минтақа таъсиргузор аст ва манфиатҳои зиёд дорад, намехоҳад аз ин мавзӯъ дар канор бошад.»

Ҳикматулло Сайфуллозода меафзояд, ки дигар Тошканд наметавонад садди сохтмони Роғун бошад ба ҷуз ин мухолифатҳои лафзию ҳуқуқие, ки аз тариқи нишастҳову ҳамоишҳо баён медорад.

Дар ҳафтаи гузашта Тошканд дар нишасти 79-уми Кумиссюни байналмиллалии сарбандҳои бузург дар Лютсерни Шветсария расман ба узвияти ин созмон шомил шуд.

Дар моҳи апрели соли равон Узбакистон як Кумитаи миллии сарбандҳои бузургро низ таъсис дода буд. Ҳадафи кумитаи мазкур ҳимоят аз манофеи Узбакистон ва таъмини бехатарӣ дар баробари обанборҳои бузурги минтақа ва истифодаи самарбахши захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG