Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқбол аз қатли як чеҳраи муҳими дигари Ал-Қоида


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз хабари қатли Фазл Муҳаммад Абдулло, таҳрези бомбгузориҳои хунини соли 1998 дар сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳида дар Кения ва Танзания, истиқбол кард. Фазл Муҳаммад Абдулло мутасаддии амалиётҳои Ал-Қоида дар Шарқи Африқоро ҳафтаи гузашта маъмурони амниятии Сомалӣ дар пойтахт шаҳри Муқадишу куштанд. Ҳилларӣ Клинтон рӯзи шанбе дар Танзания қатли Муҳаммад Абдуллоро “нобудии сазовори як террористе” хонд, ки ба гуфтаи ӯ, барои мардуми зиёди бегуноҳе дар Найробӣ ва Дорулсалом ва ҷойҳои дигар марг ва дарди зиёде овардааст.” Муҳаммад Абдуллоҳро тарҳрези аслии бомбгузориҳо дар сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания медонанд, ки 200 нафар кушта барҷой гузошт. Ӯ ҳамчунин як пешвои муҳими гурӯҳи ифротгаро ва тарсноки Ал-Шабоб дар Сомалӣ буд. Муҳаммад Абдуллоро рӯзи сешанбе 7 июн дар як даргирӣ дар як посгоҳи амниятӣ куштаанд.
XS
SM
MD
LG