Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ибрози таассуфи дипломати Эрон аз амалкарди Тоҷикистон


Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе аз он ибрози таассуф кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон намегузоранд, то дар кишвар мадрасаҳои эронӣ таъсис дода шавад. Ба гузориши хабаргузории расмии ИРНА, дипломати эронӣ дар як нишасте дар шаҳри Душанбе гуфтааст, “Чаро дар як сарзамини ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки мардумаш ба Эрон ишқу алоқаи зиёд доранд, таъсиси мадориси эронӣ номумкин будааст?” Ба гуфтаи ӯ, 10 муассисаи давлатӣ ва хусусии Эрон барои таъсиси мактабҳо ва шӯъбаҳои худ дар Тоҷикистон ибрози омодагӣ кардаанд, вале ба қавли Алиасғари Шеърдӯст, “барои расидани онҳо ба ин ҳадаф роҳи сахту душворе дар пеш аст.” Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин гуфтаҳоро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG