Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов Медведевро ба меҳмонӣ даъват кардааст


Интизор меравад, фардо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия бо як сафари кории дурӯза вориди Ӯзбакистон шавад. Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон гуфтааст, ки сафари мазкур бо даъвати Ислом Каримов, раиси ҷумҳур сурат мегирад ва дар ҷараёни он масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Мушкилоти мавҷуди минтақавӣ ва байналмилалии марбут ба манфиати Русияву Ӯзбакистон низ дар ин ҷаласа баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи маҳофили сиёсии Тоҷикистон ғолибан масъалаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар кишвар, ки Ӯзбакистон мухолифи ин тарҳ аст, як мавзӯъи гуфтӯгуи Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG