Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нови ҷангии ИМА дар Баҳри Сиёҳ Русияро нороҳат кард


Русия имрӯз аз вуруди як нови ҷангии муҷаҳҳаз бо системи дифоъи зиддимушакии Амрико ба Баҳри Сиёҳ, ибрози нигаронӣ кард. Вазорати умури хориҷаи Русия бо нашри як ёддошти эътирозӣ гуфт, ин ҳаракати Амрикоро «як хатаре ба амнияти миллиаш» медонад. Нови «Монтерей», барои тамринҳои муштарак бо нерӯҳои Украина вориди Баҳри Сиёҳ шудаст. Русия ҳамвора ба тарҳи Амрико барои истиқрори сипари дифоъи зиддимушакӣ дар Аврупои Шарқӣ мухолифат мекунад.
XS
SM
MD
LG