Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркишҳои Пешовар 34 нафар кушта шуданд


Ду таркиши қавӣ дар шаби гузашта дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 34 нафарро кушта ва тақрибан 100 тани дигарро захмӣ кард. Таркишҳо дар фосилаи каме миёни ҳам ба вуқӯъ пайваста ва як таркиш кори дасти маргталаб будааст. Ҳамлаварон маҳаллеро ҳадаф гирифтаанд, ки дар онҷо қароргоҳҳои ҳукумат ва артиши Покистон воқеъ шудааст. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале Толибон қавл додаанд, ки барои қатли Усома Бен Лодан, ки моҳи май кушта шуд, ниқор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG